Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон розист қозии додгоҳ барқарор шавад


Ҳукумати Покистон розӣ шудааст, ки Ифтихор Чоудрӣ-қозии пешини додгоҳро дар мақомаш барқарор кунад. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Лоҳури ин кишвар дирӯз тазоҳуроти эътирозии зидди ҳукуматӣ баргузор шуд. Қарор аст Юсуф Разо Гилонӣ-нахуствазири Покистон имрӯз дар ин бора эъломияе пахш кунад ва ба мардуми кишвараш паём фиристад, то ба бӯҳрони сиёсӣ хотима дода шавад. Бӯҳрони сиёсӣ дар ҳоле оғоз шуд, ки Додгоҳи Олӣ ширкати Навоз Шариф-нахуствазири пешинро дар интихобот мамнуъ эълон кард. Рӯзи якшанбе Навоз Шариф дар вокуниш ба ин тасмими ҳукумат тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ даъват кард ва раҳбарии онро бар уҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG