Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истихроҷи нафт дар ҷаҳон то моҳи май кам намешавад


Вазирони нафти кишварҳои ОПЕК ё содиркунандаи нафт тасмим гирифтанд, ки истихроҷи нафтро то моҳи май дар сатҳи кунунӣ нигаҳ доранд. Ин нуктаро Ҳусейн ал Шаҳристонӣ-вазири нафти Ироқ дар мулоқоти вазирон дар Вена эълон кард. Дар ин мулоқот ҳамчунин эълон карданд, ки 12 кишвари содиркунандаи нафт ё ОПЕК бори дигар 28-ӯми май бо ҳам мулоқот хоҳанд кард, то вазъи бозоррро бори дигар баррасӣ кунанд. Аз моҳи сентябр ба ин сӯ ОПЕК се дафъа истихроҷи нафтро коҳиш дод ва бисёриҳо интизор буданд, ки дар мулоқоти дирӯз низ вазирон коҳиши истихроҷи нафтро эълон хоҳанд кард, зеро нархи нафт поин рафтааст.

XS
SM
MD
LG