Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гушоиши сафоратхонаи Тоҷикистон дар Анкараи Туркия


Дирӯз дар Анкара-пойтахти Туркия сафоратхонаи ҷумҳурии Тоҷикистон гушоиш ёфт. Дар маросими гушоиши он Эмлмалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Алӣ Бобоҷон-вазири хориҷаи Туркия ширкат доштанд. Зимни сухунони худ дар ин маросим вазири хориҷаи Туркия изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо мардуми Туркия кишвари дӯст аст ва Туркия омода аст бо Тоҷикистон муносиботашро таҳким бахшад. Дар маросими гушоиши сафоратхонаи нав парчами Тоҷикистон бар фарози сафорат ба эҳтизоз даромад. Баъд аз ин маросим раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Анкара ба Истамбул парвоз кард. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар 5-умин Маҷмаъи Ҷаҳонии Об дар Истамбул ширкат ва суханронӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG