Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоишгарон хостори истеъфои Саакашвилӣ шуданд


Дар маркази Тифлис намоиши густардаи зиддиҳукуматӣ идома дорад. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, тақрибан 3 ҳазор фаъолони созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар пояи муҷассамаи Шота Руставелӣ ҷамъ омада, истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилиро талаб доранд. Ба гуфтаи созмондиҳандагони намоиш, ҳадафи онҳо – дифоъ аз демократия дар Гурҷистон аст. Интизор меравад, ки баъд аз намоиши эътирозӣ раҳбарони созмонҳои ғайриҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин мулоқот кунанд. Аҳзоби мухолифи ҳукумат тасмим гирифтаанд, ки намоишҳои эътирозии худро рӯзи 9 апрел шурӯъ намоянд.
XS
SM
MD
LG