Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Шӯрои НАТО аз ҳукумати Австралия


Шӯрои НАТО аз мақомоти Австралия хост, ки барои таъмини амният дар маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба ин кишвар нерӯҳои иловагӣ фиристад. Қарор аст интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон 20 августи соли равон баргузор шавад. Стивен Смит, вазири умури хориҷаи Австралия изҳор намуд, ки дар мавриди ҳузури, ба гуфтаи ӯ, “кӯтоҳмуддат”-и низомиёни кишвар дар Афғонистон ҳанӯз тасмим гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, ҳукумати Австралия эълом дошт, ки барои ниёзмандиҳои комиссиюни интихоботии Афғонистон ва ба хотири баргузории интихоботи озоду шаффоф 2 миллион доллар ҷудо кардааст. Айни ҳол 1100 афсару сарбоз аз Австралия дар ҳайати нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон мустақаранд.
XS
SM
MD
LG