Пайвандҳои дастрасӣ

Навоз Шариф аз иҷрои тасмими ҳукумат сарпечӣ кард


Навоз Шариф, раҳбари мухолифини Покистон, аз иҷрои тасмими мақомот дар мавриди ҳабси хонагӣ сарпечӣ кард. Ӯ ин ҳабсро ғайриқонунӣ хонд ва манзилашро тарк гуфт. Навоз Шариф, сарвазири собиқи Покистон, ҳамчунин аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки дар намоишҳои густардаи эътирозӣ ширкат кунанд.
Тасмим дар бораи боздошти Навоз Шариф ва дигар раҳбарони мухолифин дар шаҳри Лоҳур як рӯз қабл аз он гирифта шуд, ки онҳо бояд раҳпаймоии эътирозӣ сӯи Исломободро сарварӣ намоянд. Навоз Шариф ва бародари ӯ баъд аз он мавриди таъқиби мақомоти Покистон қарор гирифтанд, ки ба маъракаи сиёсӣ оиди дубора дар маснадаш таъин кардани раиси пешини Додгоҳи Олӣ Ифтихор Чоудрӣ ҳамроҳ шуданд. Чоудрӣ соли 2007 аз сӯи раиси ҷумҳури пешини Покистон Парвиз Мушарраф аз мақом барканор шуда буд ва ин тасмим боиси эътирозҳои густардаи додрасҳо ва аҳзоби мухолифи ҳукумат шуда буд.
XS
SM
MD
LG