Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Э. Раҳмон аз ҷазираи Киш дар Эрон


Теҳрон, маросими пӯшидашавии нишасти ECO-2009
Теҳрон, маросими пӯшидашавии нишасти ECO-2009

14-уми март Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз ҷазираи Киш, нахустин минтақаи озоди тиҷоратии ҶИЭ, дидор ба амал овард.

Дар доираи ин сафараш Э. Раҳмон бо фаолияти теъдоде аз муассисаҳои саноъатӣ ва ширкатҳои тиҷоративу саёҳатии воқеъ дар ин ҷазираи машҳур аз наздик шинос шуд.

Бино ба таъйиди хадамоти иттилоъотии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари Тоҷикистон бо зикри таҷрибаи бойи ҷазираи Киш дар масоъили таъсис ва идораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҳайъати тоҷикистонӣ супориш дод, ки аз таҷрибаи ҳамкасбони эронии худ дар таъсиси минтақаҳои озод дар Тоҷикистон истифода карда, масоъили рушди алоқаҳои туристӣ ва махсусан туризми кӯҳӣ-тафреҳиро баррасӣ намоянд.

Ҷазираи Киш бо масоҳати 90 километри мураббаъ дар 18-километрии соҳилҳои ҷанубии Эрон, дар халиҷи Форс ҷойгир шудааст ва имкони интиқолу убури коло аз тариқи роҳҳои оҳану заминии кишвар ба кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказиро таъмин мекунад.

Ҷазираи Киш дар маркази минтақа, ки дар он тиҷорат байни кишварҳое чун Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Арабистони Саъудӣ, Ироқ, Қатар, Уммон ва Кувайт хеле фаъъол (гардиши миёнаи солонаи коло – 100 миллиард доллар) мебошад, воқеъ гардидааст.

Хотиррасон мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ECO) аз 10-уми март дар Эрон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG