Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси Навоз Шариф, сарвазири пешини Покистон


Мақомоти Покистон собиқ сарвазири ин кишвар Навоз Шарифро ба ҳабси хонагӣ гирифтанд.

Намояндагони мухолифони давлати Покистон мегӯянд, мақомот барои он Навоз Шарифро ҳабс карданд, ки аз раҳбарии ӯ ба тазоҳуроти густардаи зидди ҳукумат пешгирӣ намоянд.

Чанд рӯз аст, вакилони ҳуқуқӣ ва фаъолони мухолифони давлати Покистон дар саросари кишвар раҳпаймоиҳои эътирозӣ баргузор карда, ҳукуматро айбдор мекунанд, ки ба ваъдаҳои худ содиқ нест. Онҳо талаб мекунанд, додгустароне, ки дар давраи раёсатҷумҳурии генерал Парвиз Мушарраф аз кор ронда шудаанд, аз ҷумла раиси Додгоҳи Олии Покистон Ифтихор Чоудрӣ, дар мақомашон барқарор карда шаванд. Ҳукумат ин ваъдаро дода буд.

Ҳабси раҳбари мухолифон ва сарвазири пешини Покистон Навоз Шариф дар ҳоле ба амал меояд, ки тазоҳуркунандагон нақша доштанд, гирдиҳамоии асосии хешро рӯзи душанбе дар муқобили бинои порлумони Покистон дар Исломобод, пойтахти ин кишвар, баргузор кунанд.

Дар се рӯзи гузашта садҳо нафар аз вакилони ҳуқуқӣ ва ширкаткунандагони раҳпаймоиҳо боздошт шуда, дар вилоятҳои Синд ва Панҷоб баргузории тазоҳурот мамнӯъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG