Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Венесуэла ба Русия пойгоҳи низомӣ пешниҳод кард


Венесуэла ба Русия пешниҳод кард, ки фурудгоҳ дар ҷазираи Арчилро ҳамчун пойгоҳи муваққатии ҳавопаймоҳои дурпарвози стратегӣ истифода барад. Раҳбари ситоди ҳавопаймоҳои дурпарвози Русия генерал-майор Анатолий Жихарев ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки дар сурати гирифтани тасмими сиёсӣ истифодаи ин пойгоҳ аз сӯи Русия имконпазир аст. Ӯ афзуд, ки Русия метавонад барои ҳавопаймоҳои стратегии худ аз фурудгоҳҳои Куба ҳам истифода кунад ва аммо ба шарте, ки раҳбарони ду кишвар дар ин маврид созиш ҳосил намоянд.

Ду сол пеш Русия парвози ҳавопаймоҳои стратегии худ ба гӯшаҳои гуногуни оламро аз сар гирифт.

XS
SM
MD
LG