Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбарони ҳамла ба пойгоҳ бозпурсӣ мешаванд


Полиси Бритониё хабар дод, ки бо гумон даст доштан дар ҳамла ба пойгоҳи низомӣ дар Ирландияи Шимолӣ се нафар боздошт шудаанд. Айни ҳол онҳо мавриди бозпурсӣ қарор доранд.

Як ҳафта пеш бар асари ҳамла ба пойгоҳи низомии шаҳри Антрим, воқеъ дар канори шаҳри Белфаст, ду сарбози бритониёвӣ кушта шуда, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Афроди ношинос сӯи онҳо аз мошин оташ кушоданд. Гуфта мешавад, ҳамла кори дасти гурӯҳест, ки қаблан як бахши Артиши ҷумҳурихоҳи Ирландия буд. Артиши ҷумҳурихоҳи Ирландия муборизаи мусаллаҳона барои истиқлол аз Бритониёро қатъ кардааст.
XS
SM
MD
LG