Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш нафар дар Афғонистон


Низомиёни амрикоӣ хабар доданд, ки бар асари амалиёти муштараки нерӯҳои ИМА ва гурӯҳи зудамали афғон дар минтақаи воқеъ дар ҷануби Кобул панҷ мусаллаҳи мухолифи ҳукумат кушта шуданд. Полковник Грег Ҷулиан, намояндаи артиши Амрико гуфт, амалиёт дар деҳаи Дашти Чархи волусволии Чарх ба хотири аз байн бурдани раҳбари гурӯҳе буд, ки баму норинҷак тайёр мекард. Ва аммо мақомоти вилояти Логар гуфтанд, ки ҳамаи кушташудагон сокинони осоиштаанд.

Дар ҳамин ҳол низомиёни Бритониё хабар доданд, ки имрӯз бар асари инфиҷор дар ҷануби минтақаи Мусо Қалъаи вилояти Ҳилманд як сарбози кишвар ба ҳалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG