Пайвандҳои дастрасӣ

Гаравгонҳо то ҳол дар банд қарор доранд


Кормандони дар Судон рабудашудаи созмони хайрияи “Табибони бидуни марз” то ҳанӯз дар қайди одамрабоён қарор доранд. Хабаргузориҳои ғарбӣ бо такя ба мақомоти расмии Судон иттилоъ медиҳанд, ки вазъи гаравгонҳо хуб аст ва онҳо дар наздиктарин фурсат озод карда хоҳанд шуд. Қаблан хабар дода мешуд, ки одамрабоён гаравгонҳо – шаҳрвандони Италия, Канада ва Фаронсаро аз банд раҳо кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки кормандони созмони “Табибони бидуни марз” аз сӯи кадом гурӯҳ рабуда шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG