Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ҳоршам роҳҳои берун рафтан аз бӯҳронро меҷӯянд


Вазирони молия ва раисони Бонкҳои марказии 20 кишвари пешрафтаи саноатии олам талош доранд, киихтилофи назарҳо дар мавриди берун шудан аз бӯҳрони ҷаҳонии молиро аз байн бубаранд. Нишасти раҳбарони ниҳодҳои молӣ дар шаҳри Ҳоршами Бритониё ифтитоҳ шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ИМА даъват мекунад, ки барои рушди иқтисод маблағи бештар интиқол дода шавад ва аммо кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла, Олмон ва Фаронса хостори танзими шадиди бозорҳои молиянд. Алистер Дарлинг, вазири молияи Бритониё дар сӯҳбат бо Би-Би-Си ин ихтилофи назарро эътироф кард ва ҳамзамон изҳори итминон намуд, ки онҳо аз байн хоҳанд рафт.Моҳи оянда дар Лондон нишасти сарони 20 кишвари пешрафтаи саноатии олам доир мешавад.
XS
SM
MD
LG