Пайвандҳои дастрасӣ

М. Аҳмадинажод: «Эҷоди таҳрим иштибоҳе бузург аст»


 Маҳмуди Аҳмадинажод

Маҳмуди Аҳмадинажод

Раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки фикри эҷоди монеъа дар дар баробари пешрафти Эрон бо таҳрим «хаёле бачагона ва иштибоҳе бузург аст».

13-уми март, ба ҳангоми ифтитоҳи расмии як пружаи гози табиъӣ дар ҷануби кишвар раисҷумҳури Эрон таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Теҳронро, аз ҷумла, «ҳаракоти бачагонаву зишт» хонд.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳоле дар бораи ин таҳримҳо изҳори назар кардааст, ки як рӯз қабл Барак Обама, раисҷумҳури ИМА, дар паёме ба кунгураи кишвараш, зимни ишора ба ин, ки Эрон ҳамчунон «хилофи манофеъи Амрико дар минтақаи Ховари Миёна амал мекунад», таҳрими Амрико алайҳи Эронро як соли дигар тамдид кард.

Президенти ИМА аз замони расидан ба қудрат дар Вашингтон ҳушдор додааст, ки дар сурати адами таваққуфи ғанисозии ураниюм дар Эрон таҳримзои бештаре домангири Теҳрон хоҳад шуд. Аммо Теҳрон то кунун аз таваққуфи ғанисозии ураниюм сар печидаву мукарраран эълом намудааст, ки таҳримҳои СММ ва Амрико асари манфӣ бар Эрон надоштааст.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории «Ройтерз» аз қавли таҳлилгарони эронӣ ва хориҷӣ навиштааст, ки пас аз уфти шадиди қимати нафт ва расидани он ба зери 50 доллар барои як бушка Эрон гирифтори мушкилоти иқтисодии умдаешудааст.
XS
SM
MD
LG