Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейтсария ба ифшои асрори бонкӣ ризоият дод


Ҳукумати Швейтсария бо шикастани анъанаи деринаи худ ба имконияти ифшои сирри бонкӣ ризоият дод. Дар гузашта ин сир имкон медод, сарватмандони хориҷӣ миллиардҳо доллари худро дар бонкҳои Швейтсария пинҳон кунанд. Пас аз як моҷаро бо ҳукумати Иёлоти Муттаҳида, Швейтсария имрӯз гуфт, розист, маълумоти бонкиро дар ихтиёри кишварҳои дигар бигузорад, аммо танҳо дар ҳолате ки хилофкорӣ ё фирор аз додани андоз бо далелҳои маҳкам исбот гардад. Ризоияти Швейтсария дар ҳоле садо дод, ки вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии 20 кишвари аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта имрӯз дар Лондон роҳҳои қатъи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG