Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ҳалокати як сиёсатмадори саршиноси қирғиз


Ба эҳтимоли зиёд, як сиёсатмадори саршиноси Қирғизистон дар садамаи роҳ кушта шудааст. Намояндаи Вазорати умри дохилии ин кишвар мегӯяд, бо таҳқиқи як садама дар канораи шаҳри Бишкек машғул аст, ки дар он ду нафар кушта шудаанд ва шояд яке аз онҳо Мадад Содирқулов бошад. Содирқулов то истеъфояш дар моҳи январ, раиси дастгоҳи президенти Қирғизистон, Қурманбек Боқиев буд. Полис мегӯяд, шиносоии ҳувияти кушташудагон фурсат мехоҳад, зеро ҷасадҳо сӯхтаанд. Тарафдорони Содирқулов мегӯянд, ҳодиса ба макру найранг шабоҳат дорад.
XS
SM
MD
LG