Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Чин аз вазъи дороияш дар Амрико


Сарвазири Чин, Вен Ҷябао, мегӯяд, Чин вазъи иқтисодии Амрикоро бодиққат думбол мекунад ва аз амнияти моликияти худ дар Иёлоти Муттаҳида нигарон аст. Дар поёни ҷаласаи солонаи порлумони Чин, дар Пекин, Вен гуфт, Чин бузургтарин вомдиҳандаи Амрико мебошад. Вай аз ҳукумати Амрико даъват кард, сиёсатҳои боварбахши иқтисодӣ дар пеш бигирад, то арзиши дороиҳои Чин дар Иёлоти Муттаҳида осеб набинад. Ба тахмини таҳлилгарон, наздик ба ними 2 триллион доллар захираҳои молиявии Чин дар шакли коғазҳои арзишдори Амрикоянд.
XS
SM
MD
LG