Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо ва боздоштҳо дар Покистон идома доранд


Ҳуқуқшиносон ва фаъолони аҳзоби мухолифи Покистон эълон карданд, ки бо вуҷуди латукӯб ва боздоштҳо, маъракаҳои худро бар зидди ҳукумат идома хоҳанд дод. Раҳпаймоии эътирозии ҳазорон нафар дар манотиқи гуногуни Покистон, ки мехоҳанд, маъракаи худро то рӯзи душанбе идома ва дар назди бинои порлумон дар Исломбод поён диҳанд, сабаб шуда, ки чандсад фаъоли оппозисюн ва вакилони ҳуқуқӣ ба ҳабс гирифта шаванд. Мухолифон ҳукуматро айбдор мекунанд, ки ваъдаи ба сари кор баргардондани додгустаронеро, ки дар давраи ҳукумати президент Мушарраф барканор гаштанд, ба иҷро нарасонд. Дипломатҳои Иёлоти Муттаҳида аз ҳукумат ва мухолифон даъват кардаанд, ба хушунат роҳ надиҳанд.
XS
SM
MD
LG