Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ ба вазъи муҳоҷирони тоҷик


Мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯянд, коҳиши интиқоли маблағ аз тарафи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва бозгашти ин муҳоҷирон ба ватан идома дорад. Мудири шӯъбаи кор ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Алишер Ёрбобоев имрӯз дар як нишасте бахшида ба бӯҳрони ҷаҳонӣ ва таъсири он ба муҳоҷират гуфт, интиқоли пули муҳоҶирон 15-20% камтар шудааст. Аммо намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамин нишаст гуфт, коҳиши пули муҳоҷирон ба вазъи таваррум ва тағйири қурби асъор бастагӣ дорад. Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон нигаронанд, ки коҳиши ин пул ва бозгашти бахши бузург аз муҳоҷирони тоҷик метавонад, вазъи бе ин ҳам душвори иҷтимоиро дар кишвар душвортар кунад.
XS
SM
MD
LG