Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Эрон ба тамдиди таҳримҳои байнулмилалӣ


Раиси ҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, таҳримҳои байнулмилалии зидди кишварашро рад кард ва онҳоро "андешаи кӯдакона"-ву "иштибоҳи бузург" номид. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки як рӯз пеш президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро барои як соли дигар тамдид кард. Аз рӯи ин таҳримҳо, ки нахустин бор аз тарафи ҳукумати президент Клинтон эълон шудаанд, мусоидат ба рушди саноати нафти Эрон ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти он барои ширкатҳои амрикоӣ манъ аст.Обама гуфтааст, ки омодааст, бо Эрон музокира кунад, аммо афзудааст, роҳ нахоҳад дод, Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Бар замми таҳримҳои амрикоӣ, Эрон инчунин ба таҳримҳои Созмони Милал рӯбарӯст, ки аз Теҳрон қатъи ғанисозии ураниумро талаб кардааст.
XS
SM
MD
LG