Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фанноварии WWW имрӯз 20-сола шуд


Имрӯз 20-умин солгарди таъсиси дунёи электронист, ки бо се ҳарфи лотинии даблю ёд мешавад. World Wide Web, яъне Шабакаи паҳншуда дар ҷаҳон, аввалин бор дар моҳи марти соли 1989 аз тарафи олими бритониёии улуми компютерӣ, Тим Бернерс-Лӣ ва ҳамкоронаш дар Озмоишгоҳи аврупоии физикаи зарраӣ барои васл кардани ҳазорон олим дар саросари ҷаҳон ба хотири табодули иттилоъ сохта шуд. Ҳоло "се даблю" аз шумораи бузурги матн, тасвир ва иттилоъи дигар иборат аст. Бист сол пеш таъсиси он сабаби инфиҷори интернет гардид, ки ҳаёти муосирро комилан тағйир дод. Фанноварии "се даблю" дар интернет сар аз соли 1991, замоне шурӯъ шуд, ки Озмоишгоҳи аврупоии физикаи зарраӣ роҳҳои рушди онро муайян кард. Танҳо ду сол баъдаш ин созмон ҳаққи муаллифии худро ба он қонунӣ кард.
XS
SM
MD
LG