Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама таҳримҳои зидди Эронро тамдид кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро барои як соли дигар тамдид кард.

Вай гуфт, сиёсатҳои давлати Эрон ҳамоно барои Амрико таҳдиди ғайриодӣ ва барҷаста мебошанд.

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз таҳримҳои байнулмилалии зидди кишвараш интиқод кард ва онҳоро "андешаи кӯдакона"-ву "иштибоҳи бузург" номид. Аз рӯи ин таҳримҳо, мусоидат ба рушди саноати нафти Эрон ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти он мамнӯъ аст.

Таҳримҳое, ки Обама мӯҳлати амали онҳоро дароз кард, дар соли 1995 дар давраи ҳокимияти президент Билл Клинтон эълон шудаанд. Гуфта мешуд, сабаби ҷорӣ шудани таҳримҳо даст доштани Эрон дар терроризм ва кӯшиши он барои сохтани силоҳи қатли ом аст. Аммо Эрон ҳамеша ин иттиҳомотро рад кардааст. Теҳрон мегӯяд, барномаи ҳастаии он хосияти сулҳомез дорад.

Бо мақсади тағйир додани сиёсатҳои ҳукумати Буш, Обама гуфтааст, вай бо Эрон вориди музокира хоҳад шуд. Вале ӯ ҳамчунин гуфтааст, роҳ нахоҳад дод, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Ба сурати умум ҳукумати Обама ҳоло дар ҳоли таҳияи шеваи муносибаташ бо Эрон аст.

Баҳман Оқоии Дебо, таҳлилгари эронии муқими Вошингтон, мегӯяд, аз ин лиҳоз тамдиди таҳримҳо аз тарафи Обама як қадами табиӣ ба назар мерасад. Дар ҳоле ки ҳанӯз вокуниши расмии Эрон маълум набуд, ҷаноби Дебо гуфт, тибқи маъмул, Эрон иттиҳомотро рад ва Обамаро ба он айбдор хоҳад кард, ки натавонистааст ба тағйири сиёсатҳои Вошингтон дар баробари Эрон муваффақ шавад.

Як ҳафта пеш котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон гуфт, кишвараш Эронро ба ширкат дар конфронси байнулмилалии масъалаҳои Афғонистон даъват хоҳад кард. Эрон гуфтааст, ба барррасии ин пешниҳод омода аст. Ба ақидаи коршиносон, ин ҷаласа, ки рӯзи 31-уми март дар Ҳоланд баргузор мешавад, метавонад оғози гуфтугӯи мустақими Амрико бо Эрон шавад, ки яке аз ҳамсоягони наздики Афғонистон ва Ироқ аст.

Дар ҳамин ҳол хабаре мерасад, ки ҳукумати Обама дар садади лағви таҳрими тамосҳои дипломатӣ бо Эрон аст ва мақсад дорад нахустин гуфтушуниди Амрикову Эрон пеш аз интихоботи президентии 12-уми июн ба вуқӯъ пайвандад. Тибқи хабарҳо, мумкин аст ин раванд аз номаи Обама ба Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, оғоз гирад.
XS
SM
MD
LG