Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарбаи нави ҳавоии Туркия ба курдҳо дар шимоли Ироқ


Ҳавопаймоҳои Туркия, тибқи хабарҳо, аз нав мавқеъи шӯришиёни курдро дар шимоли Ироқ бомбаборон карданд. Хабаргузории Анатолия ба нақл аз сухангӯи артиши Туркия навишт, пинҳонгоҳҳои Ҳизби коргарони Курдистон дар минтақаи Запавашини мухторияти курд дар шимоли Ироқ ҳадафи зарба қарор гирифтанд. Анкара мегӯяд, наздик ба 2 000 мусаллаҳи Ҳизби коргарони Курдистон дар ин мавзеъи кӯҳсор паноҳгоҳ сохтаанд ва аз он ҷо ба қаламрави Туркия шабехун мезананд. Курдҳо 24 сол аст, ки барои ҷудо шудан аз Туркия мубориза мекунанд.
XS
SM
MD
LG