Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти вазирони молияи 20-гонаи саноатӣ


Вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии 20 кишвари аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта имрӯз дар ҷамъомаде дар наздикии Лондон роҳҳои қатъи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро баррасӣ карданд. Ин нишаст омодагиест ба ҷаласаи сарони Бистгонаи саноатӣ, ки қарор аст, моҳи оянда дар Лондон баргузор шавад. Дар арафаи ҷаласаи имрӯза вазирони молияи ин 20 кишвар дар мавриди расидагӣ ба бӯҳрон дидгоҳҳои мухталиф доштанд. Чунончи, Иёлоти Муттаҳида хостори афзоиши харҷ ба хотири қатъи бӯҳрон аст, аммо давлатҳои Аврупо таҳти сарварии Олмон ва Фаронса ба танзими амиқтари бозори пул таъкид мекунанд. Бистгона аз 19 кишвари рушдкарда ва дар ҳоли рушд ҷамъи Иттиҳоди Аврупо иборат аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG