Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми «Ала-То-2009»: Тоҷикистон – «Тараз» - 5:1


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Ала-То -2009» дар Қирғизистон бар тими «Тараз»-и Қазоқистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба кард.

Даҳумин давраи ин мусобиқаи анъанавӣ дар шаҳри Кант бо ширкати дастаҳои футболи Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Кипр баргузор шудааст.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври аввал чунин аст: «Абдиш-Ота» (Кант) - мунтахаби ҷавонони Қирғизистон - 3:0, «Шер» (Бишкек) - «Дордой-Динамо» (Норин) – 1:2, «Олой» (Ӯш) - мунтахаби Қирғизистон – 1:3.

Чаҳор бозии даври дуввум имрӯз, 13-уми март, баргузор хоҳад шуд:
«Олой» - «Шер», «Тараз» - мунтахаби ҷавонони Қирғизистон,
«Дордой-Динамо» – «Туркманистон», «Абдиш-Ота» – мунтахаби Кипр.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар даври дуввум истироҳат мекунад.
XS
SM
MD
LG