Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Амрико аз ҳукумати Покистон


Дипломатҳои Амрико аз ҳукумати Покистон ва мухолифини он даъват кардаанд, ки дар ҳавои авҷ гирифтани танишҳои сиёсӣ дар кишвар аз хушунат парҳез намоянд. Ричард Ҳолбрук – намояндаи вижаи Амрико барои Покистону Афғонистон, доир ба авзоъи феълӣ бо раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ ва нахуствазир Юсуф Ризо Гелонӣ телефонӣ гуфтӯгу кардааст. Айни замон Анна Петерсон - сафири Покистон дар Исломобод, бо Навоз Шариф – раҳбари мухолифин сӯҳбат доштааст. Рӯзи панҷшанбе пулис дар шаҳри Карочӣ тазоҳургаронро калтакуб ва пароканда кард ва чанде аз фаъолони сиёсиро ҳам боздошт намуд. Қарор аст ин тазоҳуроти мухолифини Покистон рӯзи 16 март дар шаҳрои Исломобод ба авҷи худ бирасад. Мақомоти расмӣ гуфтаанд, намегузоранд, то тазоҳуротгарон кишварро ноором кунанд.
XS
SM
MD
LG