Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили тавсиаи НАТО дар шаҳри Прага


НАТО аз 10-умин солгарди пайвастани Ҷумҳурии Чех ва Маҷористону Лаҳистон ба паймони низомии мазкур таҷлил кард. Дар як суханроние дар шаҳри Прага, Яаап Де Ҳуп Скеффер - дабири кулли НАТО гуфт, пайвастани ин кишварҳо ва тавсиаи созмон баёнгари хотима ёфтани Ҷанги Сард шуд. Вай афзуд, ки дарҳои НАТО барои аъзои нави дигар ҳам боз аст. Яаап Де Ҳуп Скеффер ҳамчунин ба дурустии қарори аз сар гирифтани ҳамоишҳои Шӯрои НАТО ва Русия Русия таъкид кард ва хостори таваҷҷӯҳи бештари НАТО ба Покистон шуд. Пештар аз ин як дипломати ҳолландӣ, вазъи Афғонистон, амнияти энержӣ, ҷиноятҳои мухобиротӣ ва ҳамшарикӣ бо Русияро мушкилоти пеши рӯи НАТО хонд. Русия мухолифи тавсиаи НАТО ва наздикшавии он ба марзҳои ин кишвар мебошад.
XS
SM
MD
LG