Пайвандҳои дастрасӣ

Обама таҳримоти зидди Эронро тамдид кард


Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико таҳримоти кишвараш ба зидди Эронро барои як соли дигар тамдид кард, зеро ба гуфтаи вай, сиёсати ҳукумати Эрон ҳамчунон барои Амрико “хатари ғайримаъмулӣ ва фавқуллода” эҷод мекунад. Ин таҳримот, ки намегузоранд, ширкатҳои амрикоӣ ба рушди саноати нафти Эрон мусоидат ва ё бо ширкатҳои эронӣ тиҷорат кунанд, соли 1995 аз тарафи ҳукумати Билл Клинтон ба зидди Эрон эъмол шуд. Дар он замон ҳукумати Клинтон гуфт, давлати Эрон дар тероризм даст дорад ва дар пайи дастёбӣ ба силоҳи куштори дастаҷамъӣ аст. Барак Обама гуфтааст, ки мойил аст бо ҳукумати Эрон ба таври мустақим музокира кунад, аммо ҳамзамон хостааст, то Эрон аз фаъолиятҳои ҳастаиаш даст кашад. Бар изофаи таҳримоти иқтисодии Амрико, Созмони Милал ҳам ба зидди Эрон таҳримоти байналмилалӣ эъмол кардааст, зеро ин кишвар аз талаби мутаввақиф кардани фаъолиятҳои ҳастаиш сарпечӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG