Пайвандҳои дастрасӣ

MSF Дарфури Судонро тарк мекунад


Муассисаи имдодии тиббии “Табибони Бидуни Марз” тақрибан ҳамаи кормандонашро аз минтақаи Дарфури Судон хориҷ мекунад, чун рӯзи чаҳоршанбе се тан аз маъмурони созмони хайрияи мазкурро дар Судон рабуданд. Кристофер Стокес - мудири кулли шохаи белжикии “Табибони Бидуни Марз” гуфт, танҳо чанд нафар аз маъмурони созмон дар Дарфур мемонанд, то дар масъалаи раҳоии ҳамкоронашон кӯмак намоянд. Бино ба гузоришҳо, аз се нафари рабудашуда, яке шаҳрванди Итолиё, ва ду тани аз Фаронса ва Конодо будаанд. Баъди амри Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят барои боздошти Умар Ал- Башир - раиси ҷумҳури Судон танишҳо дар ин кишвар авҷ гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG