Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо ба ҳифзи хирси сафед дар Арктика


Бунёди Табиати Ваҳшӣ имрӯз аз кишварҳои арктикӣ даъват кард, ба хотири ҳифзи хирси сафеди қутбӣ даст ба амал зананд. Ин даъват дар арафаи мулоқоти намояндагони панҷ кишваре садо дод, ки хирси сафед дар қаламрави онҳо ба сар мебарад. Қарор аст, аз 17 то 19 март, намояндагони Иёлоти Муттаҳида, Канада, Русия, Норвегия ва Гренландия дар шаҳри Тромсои Норвегия бо ҳам мулоқот кунанд. Ширкаткунандагони нишаст корҳои амалӣ ва бетаъхири ҳифзи хирси сафедро баррасӣ хоҳанд кард. Бунёди Табиати Ваҳшӣ мегӯяд, дар ҷаҳон ҳамагӣ 20 то 25 000 хирси сафед боқӣ мондааст, ки мумкин аст бо сабаби тағйир иқлим дар 50 соли оянда комилан аз байн раванд.
XS
SM
MD
LG