Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи раҳпаймоҳои мухолифон дар Покистон


Мухолифони покистонӣ имрӯз раҳпаймоиҳои сартосарии зидди ҳукуматро оғоз карданд, ки нақша доранд, рӯзи душанбеи оянда дар баробари порлумони Покистон дар Исломобод ба авҷ бирасонанд. Тибқи хабарҳо, мақомоти садҳо нафар аз ҳуқуқшиносони зидди ҳукумат ва фаъолони сиёсиро боздошт ва баргузории ҳама гуна намоишҳои оммавиро дар вилоятҳои Синду Панҷоб манъ карданд. Эътирозгарон талаб доранд, додвароне, ки аз тарафи президенти пешин Парвиз Мушарраф барканор гашта буданд, аз ҷумла собиқ раиси Додгоҳи Олӣ, Ифтихор Чоудриро дар мақомашон барқарор кунад. Дар Карочӣ, бузургтарин шаҳри Покистон, тарафдорони Чоудрӣ хиёбонҳоро пур карданд. Ташаннуҷ аз он ҷо шиддати бештар гирифт, ки Додгоҳи Олӣ раҳбари мухолифон ва собиқ сарвазир Навоз Шариф ва
XS
SM
MD
LG