Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лола" дубора мешукуфад


Дар барномаи навбатии "Фарҳанг ва андеша" мавзӯъҳои зерин баррасӣ мешавад.

Дар солҳи 60-ум то 80-уми қарни гузашта нахустин ансамбли рақсие дар Тоҷикистон бо номи гули зебои баҳории «Лола» дар миёни мардуми Тоҷикистон ва хориҷи дуру наздик маълуму машҳур гашта буд.

Созмондиҳандаи ин ансамбли рақсӣ ҳунарманди саршиноси тоҷик шодравон Ғаффор Валаматзода буд. Ва тайи беш аз се даҳсола ҷашневу маросиму маъракае дар кишвар бе хиромиданҳои зебодухтарони ин гурӯҳи ҳунарӣ намегузашт.

10 соли пеш "Лола" бо сабабҳои норавшан пароканда шуд ва феълан бо кӯшишу талошҳои чанде аз аъзои собиқи ансамбли рақсии «Лола» ҳамакнун он аз нав ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Мусоҳибаеро дар барномаи навбатии «Фарҳанг ва андеша» бо раҳбари бадеии ансамбли рақсии «Лола» Фароғат Саидова ҷой додем.

Эҳёи таронаҳои қадимаи мардумӣ

Ҳамкорамон дар Рашт дар гузоришаш барои барнома дар бораи марде қисса мекунад, ки суруду тарона ва оҳангҳои қадимаи мардумӣ ва сурудану навохтани онҳоро аз модаркалону бобояш омухтааст. Вай мегуяд, тасмим гирифтааст, ин суруду таронҳоро аз нав эҳё кардаву пешниҳоди мардум созад. Ин суруду таронаҳо, ки дар ситоиши ишқу дилбар ва зебоиҳои нотакрори диёр суруда шудаанд, иҷро кардани онҳо аслан дар баҳору бамавқеъ аст.

Шоир, заргар ва ошиқ

Чунин ном дорад бахши дигаре дар барномаи «Фарҳанг ва андеша». Бояд гуфт, дар ин рӯзҳои баҳорӣ сайри ҷануби Тоҷикистон, ба хусус табиати деҳоти дурдасти минтақаи Кӯлоб, хеле зебо ва диданӣ мешавад. Аз ҳама пеш дар ҳамин ҷо бодому зардолу гул кардааст ва навдаҳои маҷнунбед мисли он, ки шаддаҳои марҷони сабз баста бошанд, сабзу зебо ба назар менамояд. Ана ҳамин зебоиҳои баҳору рангобарангии табиат аст, ки мардумаш бисёр ҳунарманду соҳибзавқ мебошанд. Ҳамкорам аз Кӯлоб ба аёдати чунин як хонавода ва ё сулолаи заргарон рафт, ки онҳо тавонистаанд шеъру тарона ва ҳунари заргариро ба ҳам тавъам созанд.

«Барбӣ» 50-сола мешавад

Дар ин рӯзҳо, ки дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои форсизабон омадани Наврӯзро интизоранд, дар Аврупо 50-солагии машҳуртарин лухтакро бо номи Барбй ҷашн мегиранд. Ин ҷашн бахусус барои онҳое муҳим ва хотирмон аст, ки хотираҳои кӯдакиашон бо ин лухтак пайванд дорад. Имрӯзҳо дар аксар маҷаллаву рӯзномаҳои амрикоӣ акси Барбиро метавон дид, ки бо либосҳои рангорангу ороишоти зебо, вале ҳамон гуна нозукандому резапайкару фатиламуй ба чашм мерасад.
XS
SM
MD
LG