Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия иҷораи радари Озарбойҷонро идома медиҳад


Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, кишвараш хостори тамдид кардани мӯҳлати иҷораи радари ҳарбӣ дар Озарбойҷон аст. Сергей Лавров имрӯз, ҳангоми боздид аз Боку, гуфт, Русия мехоҳад, истифода аз радари замони шӯравӣ дар Қабаларо пас аз хатми мӯҳлати иҷора дар соли 2012 низ идома диҳад. Вай ҳамчунин гуфт, пешниҳоди Маскав ба Иёлоти Муттаҳида дар бобати истифодаи муштарак аз ин радар ҳамоно бақо дорад. Радари Қабала метавонад, аз партоби ҳама гуна мушакҳо дар бахши бузурге аз нимкураи шарқӣ огоҳ кунад. Истифодаи муштарак аз онро, собиқ президенти Русия, Владимир Путин дар соли 2007 дар муқобили тарҳи сипари зидди мушакии Амрико дар Аврупо пешниҳод карда буд.
XS
SM
MD
LG