Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зайдӣ барои кафшандозӣ ба 3 соли ҳабс маҳкум шуд


Додгоҳи Бағдод имрӯз журналисти Ироқӣ, Мунтазир ал-Зайдиро бо иттиҳоми афкандани кафшҳояш ба сӯи раисиҷумҳури Амрико, Ҷорҷ Буш, ба се соли ҳабс маҳкум кард. Ал-Зайдӣ, журналисти телевзиони "Ал-Бағдодия" рӯзи 14-ҳуми декабри соли 2008 дар ҷараёни як нишасти хабарӣ кафшҳояшро ба тарафи раисиҷумҳури Амрико, Ҷорҷ Буш, ҳаво дод. Дар муҳокимаи имрӯз Зайдӣ дар "ҳамла ба раҳбари давлати хориҷӣ" айбдор нагашт, балки амали ӯ як "вокуниши табиъӣ" дониста шуд. Агар иттиҳоми ҳамла исбот мешуд, Зайдӣ метавонист, то ба 15 соли ҳабс маҳкум гардад.
XS
SM
MD
LG