Пайвандҳои дастрасӣ

Ин ҳафта аксар нашрияҳои чопи Душанбе ба мушкили Роғун, пайомадҳои тасвиби тарҳи қонуни дин ва вазъи озодии баён дар Тоҷикистон пардохтаанд.

"Asia-Plus" менависад, ахиран Бонки ҷаҳонӣ мавқеъи худ дар баробари бунёди Роғунро рӯшан карда ва гуфтааст, ки танҳо барои арзёбии имкони бунёди ин нерӯгоҳ ба мақомоти Тоҷикистон кӯмаки молӣ мекунад. "Asia-Plus" дар матлабе дигаре зери унвони “Роғуне, ки ба мо зарур аст”, гуфтааст, ки баҳси камобӣ барои Узбакистону Туркманистон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун пайванд надорад. Муаллифи ин матлаб, ки муҳандиси риштаи энержӣ будааст, бо ишора ба муҳим будани ин нерӯгоҳ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои минтақа садо баланд мекунад. Ба қавли муаллиф, агар ин тарҳ ба вазъи муҳити зисти кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ихлол ворид мекард, ба ҳич ваҷҳ аз сӯйи Пажӯҳишгоҳи “Гидропроект”-и Тошканд дар Шӯравии пешин тасдиқ намешуд.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, дар суҳбате ба ҳафтаномаи “Фараж” гуфтааст, ки Роғун бояд моли Тоҷикистон бошад. Ба гуфтаи вай, таҷрубаи сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, ки бештар аз 70 дарсади саҳмияҳояш ба Русия тааллуқ мегиранд, “нишон дод, ки мо ба ин васила наметавонем мустақилияти энержиро ба даст орем”.

Ин дар ҳолест, ки мавзӯъи баҳси сохтмони Роғун ҳоло муаллақ мондааст. Ҳукумат дар танҳоӣ қудрати сохтмони онро надорад ва кишварҳои сармоягузор ҳанӯз бо як боварӣ аз омодагии худ барои анҷоми сохтмони ин нерӯгоҳ дарак надодаанд.

“Озодагон” тасвиби тарҳи нави қонуни дин ва иттиҳодияҳои диниро “садди чинӣ” барои масҷидсозӣ дар Тоҷикистон донистааст, ки ҳамакнун барои таъсис ва сохтмони як масҷид ҳузур ва ҷонибдории аз 30 то 50 намозгузорро тақозо мекунад. Ин нашрия қабули тарҳи қонуни динро, ки ду сол мавриди баҳси созмонҳои динӣ ва рӯҳониёну коршиносон қарор дошт, ба манфиати пайравони дини Ислом дар Тоҷикистон намедонад.

Зафари Сӯфӣ, муаллиифи ин матлаб, мегӯяд, дар ҳоле ки вакилони мардумӣ барои сабтиноми калисову куништ ва ибодатгоҳҳои дигари созмонҳои ғайриисломӣ имтиёзотеро қоил шуданд, аммо кори намозгузорон ва масҷидсозонро печидатар кардаанд. Вай мегӯяд, назорати шадид аз болои диндорон ва таъйинӣ шудани имомхатибҳо аз сӯйи мақомоти расмӣ метавонад пинҳонкорӣ дар Тоҷикистонро шиддат бахшад ва шумори ҷараёнҳои тундгароро биафзояд.

“СССР” ин ҳафта аз ихроҷи бештари сарбозони тоҷик аз сафи дивизияи 201-и Артиши Русия дар Кӯлоб изҳори нигаронӣ кардааст. Аҳмади Иброҳим, муаллифи ин матлаб, менависад, “русҳо дар пойгоҳи низомии худ мустақар дар Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, то оғози тобистони имсол сафҳояшонро аз тоҷикон поккорӣ кунанд”. “СССР” менависад, агар соли гузашта дар ин дивизия дар Кӯлоб, минтақаи ҷанубии Тоҷикистон, бештар аз 100 нафар тоҷик ифои вазифа мекарданд, ҳоло 60 нафари онҳо иҷборан ба истеъфо ва 30 нафари дигар барои хидмат ба Русия фиристода шудаанд.

Ва Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистон, дар як мусоҳибааш бо ҳафтаномаи давлатии “Ҷавонони Тоҷикистон” озодии баён дар кишварро бо вазъи озодии баёни ҳамсоякишварҳо қиёснашаванда хондааст. Дар ҳоле ки дар як назарпурсии ҳафтаномаи мустақили “Тоҷикистон”, 53 дарсади назардиҳандагонаш журналистикаи моро ғайриозод ва танҳо 15 дарсад онро озод гуфтаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG