Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Ала-То -2009», ки 11-уми март дар шаҳри Канти Қирғизистон шурӯъ шуд, ширкат дорад.

Даҳумин давраи ин мусобиқаи анъанавӣ бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шудааст.

Дар нахустин бозии ин мусобиқа дирӯз дастаи мизбон - «Абдиш-Ота»-и Кант - бар мунтахаби ҷавонони Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 12-уми март дар аввалин дидори худ бо тими мунтахаби шаҳри Тарази Қазоқистон рақобат хоҳад кард.

Дар бозиҳои дигари даври аввал имрӯз «Шер»-и Бишкек бо «Дордой-Динамо»-и Норин», «Олой»-и Ӯш бо тими миллии Қирғизистон
рӯбарӯ мешаванд.

Дар назар аст, ки дар ин мусобиқа яке аз бошгоҳҳои футболи Кипр низ ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG