Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳпаймоии зиддиҳукуматӣ дар Покистон


Суханронии Навоз Шариф дар Аботтобод, 11-уми март
Суханронии Навоз Шариф дар Аботтобод, 11-уми март

Мухолифини ҳукумати Покистон имрӯз, 12-уми март, роҳпаймоии умумимиллии эътирозии зиддиҳукуматиро оғоз намуд.

Дар назар аст, ки раҳпаймоии мазкур 4 рӯз идома намуда, ба нуқтаи авҷи худ рӯзи душанбе дар назди бинои порлумони кишвар дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон, хоҳад расид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз пеш аз оғози ин амали эътирозӣ мақомоти ҳукуматӣ садҳо тарафдорони мухолифинро боздошт намуданд. Дар музофотҳои Синҳ ва Панҷоб ҷамъомадҳои сиёсӣ мамнӯъ эълон гардиданд.

Мухолифин аз ҳукумат замонати ба вазифаи худ барқарор гардидани собиқ раиси Додгоҳи олӣ Ифтихор Чаудриро, ки раисҷумҳури қаблӣ Парвиз Мушарраф барканор намуда буд, талаб мекунанд. Инчунин, ба бовари коршиносон, амали Додгоҳи олии Покистон, ки бо қарори худ тобистони соли гузашта сарвари мухолифин собиқ сарвазири кишвар Навоз Шариф ва бародари ӯро ба интихобот роҳ надода буд, ба оташи эътирози мухолифин равған рехт.
XS
SM
MD
LG