Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуҷуми Н. Назарбоев ба доллар


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Раисҷумҳури Қазоқистон пешниҳод намудааст, ки зарур аст таҳти сарпарастии СММ ва асъори устувори минтақавӣ пули ягонаи ҷаҳонӣ арзи вуҷуд кунад.

Нурсултон Назарбоев ин идеяро бо интиқод аз буҳрони баамаломадаи ҷаҳонии молӣ илқо менамояд.

Таъсиси сохтори молии ягонаи ҷаҳонӣ ё ҳадди ақалл минтақаиро президент Назарбоев дар як силсила суханрониҳои худ асоснок намуд. Дар ҳамин ҳол ӯ ба зарурати ҳимояи иқтисодҳои миллӣ аз доллар, ки, ба ақидаи ӯ, арзи «ғайридемократӣ, ноозод ва ғайри қобили идора» аст, такя мекунад.

Дар доираи созмони авросиёии ҳамкории иқтисодӣ, ки ба ҷуз Қазоқистон аъзои он Русия, Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд, Назарбоев пешниҳод мекунад, ки бо номи «евраз» арзи минтақавӣ таъсис дода шавад, ки қурби он аз «тағйирёбӣ»-и арзҳои хориҷӣ вобаста набошад.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси шинохтаи қазоқистонӣ Мерҳат Шарифҷон бар ин аст, ки асоси иқтисодии ин идея шояд вуҷуд надошта бошад: беҳуда Назарбоев эҳтиёткорӣ намекунад, хосса вақте ки дар бораи зарурати таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҳисоби финансистҳо ва иқтисоддонҳо, ки метавонанд идеяи мазкурро баррасӣ намоянд ва чораҳои ба ҳаёт ворид намудани онро таҳия намоянд, ҳарф мезанад: «Фикр намекунам, ки ин идея амалҳои мушаххасеро дар дунбол дошта бошад. Воқеъан, Назарбоев огоҳона бар он таъкид мекунад, ки ҳама арзҳои миллӣ боқӣ хоҳанд монд. Ин амали муҳим аст, чунки барои бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ доштани пули миллӣ як навъ символи истиқлол ва давлатдорӣ аст ва онҳо омода нестанд, ки аз пули худ даст кашанд».

Лозим ба тазаккур аст, ки дар таърихи начандон дур чунин пули фаромиллӣ вуҷуд дошт. Дар солҳои «мусобиқа»-и сохторҳои иқтисоди сусиёлистӣ ва иқтисоди капиталистӣ дар Шӯрои кумаки иқтисодӣ ё СЭВ рубли ирсолӣ мавҷуд буд, ки пулҳои миллии кишварҳои ин созмони сиёсӣ-иқтисодиро мунҳал накарда, ҳамчун як воситаи умумии таъвиз амал мекард.
XS
SM
MD
LG