Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: дурнамои истиқрори сулҳ


Ҳукумати Покистон бо умеди таҳти назорат гирифтани минтақаи қабоилнишини Баҷоур бо қабилаи пуштуҳо қарордод баст.

Ин пас аз як ҳафтаи имзои созишномаи сулҳ бо сарварони минтақаи ноороми водии Свот ба Исломобод даст дод.

Баҷоурро як паноҳгоҳи раҳбарони «ал-Қоъида» медонанд ва аз моҳи августи соли гузашта нерӯҳои Покистон дар инҷо бо шӯришиёни исломгаро меҷангиданд.

Ин шӯришиён зери парчами созмони Таҳрики Толибони Покистон фаъолият мекунанд, ки ин гурӯҳи иттиҳоди аз гурӯҳҳои мухталифи толибони покистонӣ ва ҳампаймони “ал-Қоъида” будааст. Бино ба гузоришҳо дар задухӯрдҳои артиши Покистон ва ошубгарон 1500 шӯришӣ ва даҳҳо сарбозӣ ҳукуматӣ кушта ва дастикам 200 000 аҳолии осоишта аз маконҳои зисти худ ронда шуданд.

Хабарнигори радиои Озодӣ дар Пешовар (Покистон) хабар медиҳад, ки тибқи қарордоди 9-уми март қабилаи Мамунд, бузургтарин қабилаи пуштунҳои минтақаи Баҷоур, водор шудааст шахсиятҳои калидии “Толибон”-и минтақа, аз ҷумла раҳбари онҳо Мавлавӣ Фақир Муҳаммад ва муовин ва сухангӯяш Мавлавӣ Умарро, ба давлат таслим кунад.

“Толибон” инчунин розӣ шуданд аслиҳаашонро ба замин гузоранд, гурӯҳҳои низомиашонро пароканда кунанд ва марказҳои тамриниашонро бубанданд. Ин гурӯҳи низомӣ инчунин бояд радиои худро, ки дар мавҷҳои FM пахш мегардид, барҳам диҳанд ва, агар ягон кас бандҳои созишномаро вайрон кунад, ҳукуматҳои маҳалӣ ҳақ доранд манзилашро хароб карда, ба андозаи тақрибан 13 000 доллари амрикоӣ ҷарима ситонанд.

Собиқ генерали покистонӣ Маҳмуд Шоҳ, ки ҳоло таҳлилгари умури амниятӣ мебошад, замони нахустин амалиёти низомӣ зидди “Толибон” ва “ал-Қоъида” дар Покистон солҳои 2003 ва 2004 дар ин амалиёт нақши калидӣ мебозид. Дар суҳбат бо родиои Озодӣ ӯ изҳор намуд, ки созишнома ба қарордодҳои дастаҷамъӣ бо қабилаҳо замони ҳузури бритониёиҳо дар минтақа дар асри 19 пайравӣ мекунад ва тибқи он паштунҳо ба мақомот чизҳои мушаххасро тазмин медиҳанд: “Мамундҳо розӣ шудаанд, ки ба ягон ҷанговари хориҷӣ дар минтақа паноҳгоҳ намедиҳанд. Ҳатто, агар хориҷиҳо дар ин минтақа пайдо шаванд, қабила онҳоро ба ҳукумат таслим медиҳад. Онҳо инчунин маҷбур буданд тазмин диҳанд, ки ба толибон ва дигар гуруҳҳои ифротӣ иҷозат нахоҳанд дод, то дар минтақа фаъолият кунанд”.

Бо вуҷуди он ки амалиётҳои низомиёни покистонӣ дар минтақа дар сатҳи байнулмилалӣ ситоиш шуда буд, дар амал шӯриши қабилаҳои маҳаллӣ алайҳи силаҳшӯрони “Толибон” нақши калидиро бозида, дар инҷо қудрати ҳукуматро тақвият дод ва шӯришиёнро маҷбур кард ба шартҳои Исломобод розӣ шаванд.

Генерал майор Тариқ Хон ки раҳбарии амалиётро бар уҳда дошт, дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Dawn” гуфтааст, ки ин бештар пирӯзии мардум аст на ғалабаи низомиён.

Дар ҳамин ҳол, Фазл-ур-Раҳим, як таҳлилгари сиёсӣ аз Пешовар, ҳушдор медиҳад, ки ба ин созишномаи сулҳ умедҳои зиёд бастан лозим нест. Ба ақидаи вай, то даме, ки ҳукумат бо тамоми гурӯҳҳои “Толибон”-и минтақаи қабиланишини Вазиристон созиш накунад, дурнамои истиқрори сулҳ дар Покистону Афғонистон шубҳанок ба назар мерасад.

Тибқи қарордоди мазкур, ягон ҷанговари маҳаллӣ ё хориҷӣ ҳақ надорад, ки аз тариқи ин минтақа ба Афғонистон убур кунад. Аммо дар сатҳи байнулмилалӣ нигарониҳо изҳор мешаванд, ки созишнома шуришиёнро водор хоҳад кард аз Покистон ба Афғонистон рафта, дар онҷо муқобили нерӯҳои байнулмилалӣ зери сарварии Амрико биҷанганд.
XS
SM
MD
LG