Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Покистон ба раҳпаймоиҳои азим


Тарафдорони нерӯҳои мухолифи Покистон имрӯз тазҳуроти саросариеро оғоз карданд, ки рӯзи душанбеи оянда ба авҷи худ хоҳад расид. Қарор аст, дар ин рӯз тазоҳургарон дар назди бинои порлумони Покистон раҳпаймоӣ кунанд. Бино ба гузоришҳо, мақомот садҳо ҳуқуқдонони зидди ҳукуматӣ ва фаъолони сиёсиро боздошт намуда ва баргузории ҳамоишҳои сиёсӣ дар вилоятҳои Синдҳ ва Пунҷобро мамнӯъ кардаанд. Нерӯҳои мухолиф талаб доранд, то ҳукумат Ифтихор Чудрӣ - раиси додгоҳи олии Покистонро дар мақомаш барканор кунад, ки ӯро соли 2007 Парвиз Мушарраф раиси ҷумҳури собиқ аз мансабаш сабӯкдӯш кард. Амри додгоҳ дар робита ба Навоз Шариф - нахуствазири пешин ва бародараш, ки ҳаққи гирифтани мақоми расмиро надоранд, сабаби авҷи норозигии мухолифини Покистон шудааст.
XS
SM
MD
LG