Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистониён 11 миллион нафар мешаванд


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки аҳолии курраи Замин то соли 2012 ба 7 миллиард нафар хоҳад расид, ва то соли 2050 ба 9 миллиард нафар. Ба гуфтаи Созмони Милал, аҳолии курраи Замин аксаран аҳолии кишварҳои дар ҳоли рушди Осиё ва Африқо афзоиш хоҳад ёфт. Нуфуси кишварҳои сераҳолии ҷаҳон дар миёни солҳои 2010 то 2050 зиёдтар шуда ва аҳолии 45 кишвар ва ё минтақа ҳадди аққал то 10 дар сад коҳиш хоҳад ёфт. Аз ҷумла аҳолии Русия, Ҷопон, Итолиё, Куриёи Ҷанубӣ. Ба гуфтаи Созмони Милал, замини кӯчаки Тоҷикистон то соли 2050 хонаи бештар аз 11 миллион нафар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG