Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардерҳои Русия "қашшоқ" шудаанд


Маҷаллаи иқтисодии мӯътабари “Форбс” – и Амрико феҳрасти нави сарватмандтарин афроди ҷаҳонро нашр карда ва гуфт, тақрибан аз се ду ҳиссаи миллиардерҳои Русия бар асари бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба қавле “камбизоат” шудаанд ва Русия дигар "сарзамини" бештарин сарватмандони ҷаҳон нест. "Форбс" мегӯяд, Русия агар як сол пеш 87 миллиардер дошт, ҳоло танҳо 32 миллиардер дорад. Акнун ба ҷойи шаҳри Маскав шаҳри Нйю Йорк хонаи бештарин миллиардерҳои ҷаҳон аст. Билл Гейтс муассиси ширкати “Майкрософт” ҳарчанд бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ 15 миллиард доллари худро аз даст додааст, аммо ба гуфтаи маҷаллаи "Форбс" ҳанӯз ҳам сарватмандтарин фарди ҷаҳон ба ҳисоб меравад, зеро молу мулку дороиҳояш 40 миллиард доллар арзиш доранд.
XS
SM
MD
LG