Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги қочоқбарон бо афсарони тоҷик


Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар як амалиёти махсус ба зидди қочоқбарони маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе, ин қочоқбарон муқовимати мусаллаҳона нишон дода ва ду маъмури амниятиро маҷрӯҳ карданд. Хабаргузории “Азия Плюс” аз бо истинод ба Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон навиштааст, қочоқбарон дар шаҳраки Афғонои пойтахт як гранат ва ё норинҷакро ба сӯи кормандони оҷонсӣ партоб ва сипас фирор кардаанд. Ҳуввияти муттаҳамон мушаххас шуда ва ҷустҷӯи онҳо идома доштааст. Тақрибан ду ҳафта пеш ду корманди Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар як даргирӣ бо қочоқбарони афғон кушта шуданд. Тоҷикистон як кишвари транзити маводи мухаддири афғонӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG