Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавзеҳи Бонки Ҷаҳонӣ доир ба Роғун


Бонки Ҷаҳонӣ дар як саъйе барои рафъи нигарониҳои кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ гуфтааст, ҳоло масъалаи сармоягузории нерӯгоҳи барқи обии Роғуни Тоҷикистон аз тарафи ин бонк матраҳ нест. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, танҳо ибрози омодагӣ кардааст, ки барои арзёбии имкони бунёди нерӯгоҳ Роғун ва таъсири он ба тамоми минтақа ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмаки молӣ мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, қарор аст, тарҳи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Роғун ва таъсири эҳтимолии муҳитизистӣ ва иҷтимоии он ба тамоми минтақа омӯхта шавад. Қасди ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғун, ки нигарониҳои кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Ӯзбакистонро барангехтааст, ки мегӯяд, бунёди садди азими нерӯгоҳ метавонад, сабаби фалокатҳои муҳитизистӣ дар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ шавад, ки аз рӯдхонаҳое об менӯшанд, ки аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, змини омӯзиши тарҳи нерӯгоҳ нигарониҳои тамоми кишварҳои минтақа ва Афғонистонро низ ба инобат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG