Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон аз "Евровидение" даст кашид


Гурҷистон аз ширкат дар озмуни байнулмилалии “Евровидение-2009” сарпечӣ кард. Ин озмун 16 май дар Маскав баргузор мешавад. Тасмим дар бораи сарпечӣ аз ширкат дар озмун баъд аз он гирифта шуд, ки созмондиҳандагони “Евровидение-2009” аз Тифлис хостанд матни таронаи We Don’t Wonna Put In-ро тағйир диҳанд ё ба озмун таронаи дигарро пешниҳод кунанд. Дар ду калимаи ахири унвони тарона созмондиҳандагон ишора ба насаби сарвазири Русия Владимир Путинро дарёфтанд. Масъулини “Евровидение-Гурҷистон” қаблан гуфта буданд, ки тарона ба сарвазири Русия ягон рабте надорад ва аммо ҳунармандони гурӯҳи “Стефане ва 3G” ошкор изҳор намуданд, ки таронаҳои онҳо - эътироз ба сиёсати ҳукумати Русия аст.

XS
SM
MD
LG