Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи иловаҳо ва тағйироти қонуни маорифи Тоҷикистон, афроде, ки дар муассисаҳои таълимӣ аз телефонҳои мобилӣ истифода мебаранд, муҷозот хоҳанд шуд.

Қонуни мазкур барои толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳатто ҳамроҳ доштани телефони мобилиро манъ мекунад. Додихудо, Саймудинов вакили порлумон ва муаллифи тарҳи нави лоиҳаи қонуни маориф, зимни пешниҳоди он гуфт, толибилмон бо истифодаи нодуруст ва бемавқеи телефонҳои мобил ба ҷарраёни таълим халал ворид месозанд.

Чумъабой Сангинов, намояндаи порлумон дар соҳаи тиб, зимни баҳсу баррасии ин мавзӯъ дар ҷаласаи порлумон аз таъсири манфии истифодаи телефони мобил ёдрас шуда, дар зимн аз пажӯҳишу омӯзишҳои олимону табибони хориҷи кишвар мисол овард, ки ба гуфти ӯ, истифодаи мобил, ба хусус барои кӯдакону наврасон, зарар доштааст.

Ба ҳамин тартиб ба пешниҳоди бархе аз вакилони порлумон барои роҳандозии ҷазо ба истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар муассисахои таълимӣ бояд ба Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Аммо Юсуф Аҳмадов, ягона вакиле, ки ба қабули тарҳи қонун ва манъи телефонҳои мобилӣ барои хонандагон зид баромадааст, гуфт, ин тасмим барои наврасон ва волидони онҳо мушкил эҷод мекунад, чунки бархе аз хонандагон дар масофаи дур аз манзили зисташон таҳсил мекунанд ва доштани телефон барояшон хеле зарур аст.

Аммо хонандагону донишҷӯёне, ки соҳиби телефони мобилианд, мегӯянд, воқеан ба истифодаи он ниёз доранд ва телефони мобилӣ барояшон танҳо воситаи бозӣ кардан ё мусиқӣ шунидан нест, тавре масъулин фикр мекунанд.

Яке аз ҳамсӯҳбатҳои мо мегӯяд, «барои донишҷӯ доштани телефон зарур аст. Дар сурати дер кардан бо он мешавад ба хона занг зад. Вале ман дар дарс ҳатман садояшро паст мекунам, ё аслан хомуш мекунам.»

Нилуфар хонандаи мактаби миёна мегӯяд, бо телефонаш ҳамеша бо падару модараш тамос мегирад ва аз ҳоли худ онҳоро дар ҷараён мегузорад: «Дарсҳои мо аз соати 13 сар шуда баъзан соати 17–и бегоҳ тамом мешавад, ки махсусан дар фасли зимистон аллакай берун торик мешавад ва волидон ҳам хавотир мешаванд. Бинобар ин падарам ба ман телефон хариданд ва зуд-зуд занг мезананд, то бифаҳманд, ки дар куҷоям ва кай ба хона меравам. Ба ман телефон зарур аст.»

Хуқуқшинос Шухрат Қудратов роҳандозии тағйиру иловаҳои ҷадид ба қонун «Дар бораи маориф»-ро чун талоши маҳдудкунии хуқуқу озодиҳои шаҳрвандии толибилмон ва донишҷуён арзёбӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол Юсуф Аҳмадов, вакили порлумон, пешниҳод мекунад, ки дар сурати манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ бояд ҳадди ақал дар муассисаҳои таълимии кишвар телефонҳои умумӣ ба кор андохта шаванд, то муҳассилин тавонанд дар ҳолатҳои зарурӣ аз он истифода кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG