Пайвандҳои дастрасӣ

Анқара ЭКО-ро ба мубориза бо терроризм даъват кард


Туркия аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ё ЭКО даъват кард, ки дар муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризм саҳм бигиранд. Абдулло Гул, раиси ҷумҳури Туркия зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон дар Теҳрон ҳамчунин ба зарурати кумак дар ҳалли низоъ миёни Исроилу Фаластин таъкид кард. Нишастро раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ифтитоҳ кард ва зимни суханронӣ ИМА ва дигар кишварҳои пешрафтаи саноатии оламро дар эҷоди низоми ноодилонаи иқтисодӣ айбдор намуд. Маҳз ҳамин низом, ба гуфтаи ӯ, боиси бӯҳрони сартосарии иқтисодӣ шудааст.
Ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Афғонистон, Туркия, Эрон, Покистон, Озарбойҷон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ шомиланд. Қабл аз шурӯъи нишаст сарони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон музокирот анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG