Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни ҳамла ба мактаб мушаххас шуд


Тиб0қи иттилоъи ахир, бар асари тирпаронӣ дар як мактаби шаҳри Виннендени канори Штутгарт, воқеъ дар ҷанубу ғарби Олмон 11 нафар кушта шуданд. Гуфта мешавад, ки 9 нафари онҳо - толибилмони мактабанд.Қаблан полис ҳалокати фақат ду нафарро таъйид карда буд. Мақомоти полис амалиёти густардаи ҷустуҷӯи қотилро идома медиҳанд – ҳадс зада мешавад, ки ӯ ҷавони 17-сола ва толибилми собиқи ҳамин мактаб аст. Тибқи иттилоъи ҳанӯз таъйиднашуда, ҷавон худкӯшӣ кардааст ваё ҳадафи тири полис қарор гирифтааст.

Ҳамла ба мактаб субҳи имрӯз сурат гирифт. Як ҷавон бо либоси сиёҳи низомӣ толибилмонро тирборон кард ва аз ҷойи ҳодиса фирор намуд.

XS
SM
MD
LG