Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – 148-ум


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги Федеросиюни байнулмилалии футбол (FIFA), ки 11-уми март нашр шуд, байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон як зина поён – ба радифи 148-ум фуромад.

Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (74-ум) ва Қазоқистон (130-юм), пеш аз Қирғизистон (155-ум) ва Туркманистон (156-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 13-ум қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷои 8-ум мебошад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 14-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 3. Литва (52). 4. Латвия (71). 5. Узбакистон (74). 6. Беларус (88). 7. Молдова (98). 8. Гурҷистон (111). 9. Арманистон (120). 10. Эстония (126). 11. Қазоқистон (130). 12. Озарбойҷон (134). 13. Тоҷикистон (148). 14. Қирғизистон (155). 15. Туркманистон (156).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Олмон дар ҷои дуввум ва Ҳуланд дар ҷои севум мебошанд. Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, 4-ум аст. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразилия, Аргентина, Хорватия, Русия, Инглистон ва Португалия ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) инҳоянд: Австралия (32), Ҷопон (35), Эрон (42), Куриёи Ҷанубӣ (44), Арабистони Саудӣ (55), Баҳрайн (67), Узбакистон (74), Уммон (81), Ироқ (82) ва Қатар (87).
XS
SM
MD
LG