Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати нав барои раҳоии Роксана Собирӣ


Масъулини чанд расонаи бузурги ИМА ва Бритониё бо пахши як изҳорот аз мақомоти Эрон хостанд, ки хабарнигори эронитабори амрикоӣ Роксана Собириро аз маҳбас озод кунанд. Роксана Собирӣ 31 январи соли равон дар Теҳрон боздошт шуда, айни ҳол бандии зиндон барои маҳбусони сиёсист. Мақомоти Эрон изҳор намуданд, ки хонум Собирӣ бидуни сабти номи расмӣ барои расонаҳои хориҷӣ гузориш таҳия мекард. Ҳафтаи гузашта Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА. хостори раҳоии Роксана Собирӣ аз маҳбас шуда буд. Зери изҳороти ахир масъулини ширкатҳои ABC News, BBC News ва нашрияи Wall Street Journal имзо гузоштанд.
XS
SM
MD
LG